Noble Quran » Тоҷики » Books » ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)
ТАЪРИХИ ХУЛАФОИ РОШИДИН: УСМОН (Р) ВА АЛӢ (Р) (зиндагонӣ, футуҳот, шаҳодат)
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/339648
Random Books
- Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/293044
- Нигоҳи нав ба таърихи садри ИсломИн китоб як фатрае аз муҳимтарин фатраҳои торихи исломиро дар бар мегирад, ва он ҳам : Баъд аз вафоти Паёмбари Ислом то соли 61-и ҳиҷри (то кушта шудани ҳазрати Ҳусейн –Худо аз он рози бод-) мебошад. Дар фасли нахустини ин китоб дар бораи он ки таърихро чи гуна бояд омўхт ва равиши Имом Муҳаммад Ҷарири Табари роҷеъ ба таърихи Ислом баён шудааст. Фасли дуввуми ин рисолаи пурарзиш дар бораи биъсати Расули акрам (с) ва ҳодисаҳои пас аз вафоти Расули акрам (с) то соли 61-и ҳиҷрии қамари рўйдода, маълумот медиҳад ва достону ривоятҳои дурўғин ва сохтаро гўшзаду таъкид месозад ва ҳақиқати ҳолро арзёби мекунад. Фасли саввуми ин китоб ба мавзўъи адолати саҳобагон (р) ба истинод аз Қуръон ва Суннат бо баёни муҳимтарин шубҳаҳое, ки дар мавриди онҳо эрод шуда ва баёни ҳақиқат дар ин маврид бахшида шудааст. Дар фасли чаҳорум ва хотимавии рисола муаллиф ва пажўҳишгари варзида қазияи хилофати исломиро мавриди барраси қарор дода, бо овардани далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳу тавзеҳоти ғаразнок ва ғайривоқеъии як қатор муҳаққиқонро рад мекунад.
Formation : Усмон ибни Муҳаммад Ал-Хамис
Source : http://www.islamhouse.com/p/212768
- Саду як қисса аз ҳаёти Умар ибни Хаттоб (Худованд аз У рози бод)Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон амирулмўъминин Умар ибни Хаттоб (р) мебошад. Китоб барои доираи васеи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад.
Formation : Муҳаммад Алминшови
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/321608
- Ҳасад аз бемориҳои қалбиҲасад: яъне кинатузи нисбати касе ва хостори аз байн рафтани неъматҳоеки шомили он шуда аст. Баъзеҳо гуфтаанд: Ҳасад ба ҳамон ранҷе мегӯянд, ки шахс ҳангоми бо хабар шудан аз ҳоли касеки вазъаш хуб шуда аст, мебарад. Ҳамчунин гуфтаанд: Ҳасад яъне: Орзӯи дур шудани неъмат аз дигарон. Ба ҳар ҳол ҳасад ҳамон буғзу кина ва кароҳат ва ранҷе аст, ки бо дидани хубии ҳоли маҳсуд ба ҳосид даст медиҳад.
Formation : Аҳмад ибни Абдулҳалим
Reveiwers : А. Ҳақназар
Translators : Алӣ Сорими
Source : http://www.islamhouse.com/p/380298
- Усмони Зиннурайн -разияллоҳу анҳу-Сеюмин мард, дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳой роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва чавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон -разияллоҳу анҳу-.
Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид
Source : http://www.islamhouse.com/p/208456












