Noble Quran » Тоҷики » Books » ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД
ПАНҶОҲ АМАЛЕ, КИ ШАРИЪАТ ЗАНОНРО АЗ ОН БОЗ МЕДОРАД
Хонандагони гиромиро ва махсусан бонувони азизро ба қироати ин ганҷинаи пурмўҳтаво, ки ҳамаи матнҳои он бо истидлоли оёт ва аҳодиси набавӣ музайян гардидааст, даъват менамоем ва хоҳиши онро дорем, ки дар хондани он бо диққат бошанд, то ба каҷфаҳмӣ роҳ надиҳанд ва худро аз ин гуноҳҳо боз доранд, то бонуи бошараф ва афифаӣ хонадони худ ва кишвари азизамон гарданд. Зеро ҳар марди мусалмони ҷомеъаи кунунии мо ниёзи шадид ба чунин бонуи афифа дорад.Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329947
Random Books
- Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам!Саҳобаро ба даст овардам бидуни ин ки Аҳли Байтро аз даст бидиҳам! Нависанда гузариши худро аз олами шиъа ба ҳақиқати Ислом бо шеваи зебо ва қонеъкунанда ривоят мекунад.
Formation : Али ибни Муҳаммад Қузайбӣ
Source : http://www.islamhouse.com/p/343900
- Паноҳгоҳи мусалмон: Азкор ва дуъоҳое аз Қуръон ва Аҳодиси набавиПаноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.
Formation : Саъид ибни Али ибни Ваҳб Ал-Қаҳтони
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385690
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449
- Ҷавобҳои нурони дар мавриди ошурои ҲусейниМуаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.
Formation : Маволи Ғуюур
Translators : Абузари Абдулло
Source : http://www.islamhouse.com/p/261603
- Маърифати Расулуллоҳ (саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва Саҳобагони киромАллоҳ таъоло дини мубини Исломро ба воситаи ҳазрати Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) баён кардааст,бинобар ин шинохтани он ҳазрат бар тамоми инсонҳо воҷиб аст. Ва саҳобагони киром дини исломро аз забони мубораки Расулуллоҳ пурра омухта онро ба уммати Расулуллоҳ расонидаанд. Ва ин дини муқаддаси ислом ба воситаи саҳобагони киром ба машриқу мағриб паҳн шудааст. Бинобар ин шинохтани саҳобагони киром низ воҷиб аст. Дар ин рисола барои шумо сирати беҳтарин халқи Худо ҳазрати Паёмбарамон Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро ва сирати беҳтарин шахсони уммати исломро баён кардам.
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311472












