Noble Quran » Тоҷики » Books » ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН
ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИН
Ҳазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655
Random Books
- Издивоҷи мутъа аз дидгоҳи Аҳли СуннатПаёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
Source : http://www.islamhouse.com/p/354827
- Зиёрати масҷиди НабавиЗиёрати масҷиди Паёмбар (саллоҳу алайҳи ва саллам) пеш аз ҳаҷ ё баъд аз ҳаҷ суннат аст. Зеро дар китоби "Саҳеҳ Бухори" ва "Саҳеҳ Муслим" аз Абу Ҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят омадааст, ки гуфтанд: Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: " "صلاة في مسجدي هذا خير من ألف صلاة فيما سواه إلا المسجد الحرام" "Як намоз дар ҳамин масҷидам беҳтар аст аз ҳазор намоз дар масчидҳои дигар, ғайр аз масҷиди Ҳаром".
Formation : Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз
From issues : Сомонаи дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, шаҳри Ҷидда www.jdci.org
Source : http://www.islamhouse.com/p/311425
- Шиносоии мучаз бо ИсломШиносоии мучаз бо Ислом: Шиносоии мучаз бо дини мубини ислом, ва тамоми он чанбаҳои ҳаёт ки ин дин дар бар мегирад баён мекунад, ва ин чунин баёнгари рукнҳои шашгонаи дини мубини ислом.
Formation : Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
From issues : Сомонаи Донишгоҳи Исломии Мадинаи Мунаввара
Source : http://www.islamhouse.com/p/461
- Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)Миллатҳо ва мардуми дунё дар ҳар давру замон барои худ шахсиятҳо ва муқаддасоте доранд, ки чун рамзҳо ва нишонаҳои хотиравӣ азизашон медоранд ва барояшон эҳтиром қоиланд. Мо мусалмонҳо низ барои худамон ҳамин гуна муқаддасот ва арзишҳо дорем ва он ҳам бошад эҳтирому пайравӣ аз дастуроти дин ва Қуръону Паёмбарамон Муҳаммад саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам мебошад, ки ўро Худованд бароямон пешво ва роҳбар гардонидааст, зеро ў маъсум аст, яъне гуноҳонаш омурзида шудаанд... . Худоро шукру сипос мегўям, ки маро муваффақ ба гирдоварии ин маҷмўъаи бебаҳо, ки он ҳам бошад «Саду як қисса аз ҳаёти Муҳаммад (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)» мебошад, гардонид. Дар ин китоби хоксорона қиссаҳои пурҳикмат ва боарзиши ў (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро бо зикри санадҳои дақиқ гирдоварӣ намудаам, то мақому манзалати он Ҳазрат (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар партави оятҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ, барои шумо хонандаи азиз маълум гардад.
Formation : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/293044
- БОҒИ НАКУКОРОНИн китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.
Formation : Абу Закариё Аннавави
Translators : Абдулҳалим Ъорифи
From issues : Китобхонаи "Доруссалом"
Source : http://www.islamhouse.com/p/315255












