Noble Quran » Тоҷики » Books » ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ
ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ
Сипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.Formation : Абу Закариё Аннавави
Source : http://www.islamhouse.com/p/328848
Random Books
- ТАЛҲА ВА ЗУБАЙР (ҲАМСОЯГОНИ ПАЁМБАР ДАР БИҲИШТ)Дар ин китоб муаллиф дар бораи ҳаёт ва зиндаги ва чигуна ба ислом гаравидани ҳазрати Талҳа ва Зубайрро барои хонандагон баён мекунад, ва ин чунин баъзе фазилатҳо ва суханони Паёмбари ислом дар бораи ин ду саҳобии пешқадам ба ислом ва башорат додашуда ба ҷаннатро низ пешкаши хонандагон мекунад.
Translators : Муҳсин Рамазони
Source : http://www.islamhouse.com/p/353550
- Паноҳгоҳи мусалмон: Азкор ва дуъоҳое аз Қуръон ва Аҳодиси набавиПаноҳгоҳи мусалмон: Нависандаи ин китоб шайх Саъид ибни Алӣ ибни Ваҳаф ал-Қаҳтонӣ –Худованд дар ҳифзи худаш нигоҳаш дорад- мебошад, яке аз беҳтарин китобҳои зикрҳои рӯзу шаб дар ҳаёти мусалмон ба ҳисоб меравад, ва бо фазли Худованд ин китоб ба бисёре аз забонҳо тарҷума шудааст, ва кушиш кардем ки ҳамаи ин тарҷумаҳоро дар як саҳифа ҷамъ биоварем, ва зери назорат ва роҳбарии муаллиф забонҳои боқимондаро тарҷума кунем.
Formation : Саъид ибни Али ибни Ваҳб Ал-Қаҳтони
From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Source : http://www.islamhouse.com/p/385690
- Осонгири ва тасомуҳ дар ИсломДини ислом охирин пайғоми исломи аст ки Худованд онро барои ҳама мардум фуру фиристода аст чи дар машриқ ва чи дар мағриб, барои зан ва мард, қудратманд ва нотавон, сарватманд ва нодор, доно ва нодон, солим ва бемор, ба ҳамин хотир Худованд бо лутфу карами хеш пайғоми худро ба гунае нозил кард ки фаҳми он барои ҳама муяссар мебошад, ва дини ислом дар пайи он аст ки машаққат ва ҳараҷро аз мардум бардорад.
Formation : Солиҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумед
Translators : Абдусаттори Ҳақназар
Source : http://www.islamhouse.com/p/372449
- Оё ислом ҳуқуқи занҳоро поймол кардааст?Баъд аз иштирок карданам дар чандин баҳсҳо ва хондани чандин мақолаҳо дар мавриди "Ҳуқуқи зан дар ислом" ба чунин хулоса омадам ки чанд гуфтание дар ин мавзуъ барои азизон пешкаш кунам. Хонандагони азиз! Ин чанде аз шубҳаҳое ҳастанд, ки баъзе аз душманони дину инсоният миёни мардум меандозанд, ва ман баъзе аз онҳоро бароятон пешкаш хоҳам кард, ва сипас ба ҳамаи онҳо алоҳида-алоҳида ҷавоб хоҳам гуфт. Шубҳаи аввал: Гуё мардуми мусалмони точик занҳояшонро аз руи нобовари ва бе эътимодияшон маҷбур ба ҳиҷоб пуши мекунанд, дар ҳоле ки мо мардҳо натавонистаем барои занҳо беҳтарин шароити зисту зиндагиро фароҳам созем, пас бо кадом ҳуқуқ мо онҳоро маҷбур ба ҳиҷоб пуши кунем? Ва ин кори мардон сафиҳона мебошад. Ва водоштани зан ба пушидани либосе, ки дилхоҳи худи у нест, намунае аз зулму ситами мардони рузгори мост, ва бояд решакан шавад.
Formation : Умар Хатлони
Source : http://www.islamhouse.com/p/287537
- ОИША ПЕШВОИ БОНУВОНИ МЎЪМИНИН ВА ДЎСТДОШТАТАРИН ҲАМСАРИ ПАЁМБАРИ ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМИНҲазрати Оиша (р) бешак яке аз барҷастатарин чеҳраҳои дурахшони олам ба шумор меравад. Худованд ба рўйи эшон дарҳои раҳмат ва фазлу карамашро боз намудааст. Лутфи илоҳӣ Оишаро дар ибтидо духтари шахсияти беназире ба мисли Абубакри Сиддиқ (р.з) қарор додааст, ки ин худ фахри бузург аст. Баъдан, тарзе аз шиносоӣ бо зиндагиномаи ҳазрати Оиша (р.з) маълумамон мешавад, пешомади хубтару саодатмандтаре эшонро дар оғўш мегирад. Ин ҳам бошад, издивоҷи мутаҳҳар бо беҳтарин авлоди ҳазрати Одам, яъне Муҳаммади Мустафо (дуову дуруд бар у бод) аст.
Formation : Холид Абу Солиҳ
Translators : Муҳаммадиқболи Садриддин
Source : http://www.islamhouse.com/p/329655












