Noble Quran » Тоҷики » Books » БОҒИ НАКУКОРОН

  • БОҒИ НАКУКОРОН

    Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Translators : Абдулҳалим Ъорифи

    From issues : Китобхонаи "Доруссалом"

    Source : http://www.islamhouse.com/p/315255

    Download :БОҒИ НАКУКОРОН

Random Books

  • Усмони Зиннурайн -разияллоҳу анҳу-Сеюмин мард, дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳой роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва чавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон -разияллоҳу анҳу-.

    Formation : Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид

    Translators : Мисбоҳиддини Ҳомид

    Source : http://www.islamhouse.com/p/208456

    Download :Усмони Зиннурайн -разияллоҳу анҳу-Усмони Зиннурайн -разияллоҳу анҳу-

  • ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢСипас аз олимон касоне буданд, ки чил (ҳадис)-ро дар усули дин, баъзеи онҳо дар фурўъ, баъзеи онҳо дар ҷиҳод, баъзеи онҳо дар зўҳд (парҳезгорӣ), баъзеи онҳо дар адаб ва баъзеи дигар дар хутба гуфтан ҷамъ кардаанд ва ҳамаи онҳо ниятҳои некў доштанд; Худо аз қосидони ин корҳо хушнуд бод. Ба дурустӣ, лозим донистам чил ҳадисеро ҷамъоварӣ намоям, ки муҳимтар аз ҳамаи онҳост, он чил ҳадисе аст, ки ҳамаи он мавзўъҳо (-и дар боло зикршударо) дар бар мегирад, ҳар яке аз он (ҳадис) пояи бузурге аз пояҳои дин аст, чунон ки олимон васф кардаанд, ки меҳвари ислом, ё нисфи ислом, ё сеяки ислом ва ё монанди он аст.

    Formation : Абу Закариё Аннавави

    Source : http://www.islamhouse.com/p/328848

    Download :ЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢЧИҲИЛ ҲАДИСИ НАБАВӢ

  • Ҳиҷоб чаро?Худоро сипос мегўем, ки дар ин замони пурфитна ва фасод, замоне, ки побандӣ ба дин, монанди чанг задан ба шарораҳои оташ аст, теъдоде аз хоҳарони мусалмон мўътақид ба усул ва мабодианд ва алоқа доранд то ҳиҷоби шаръиро, ки қалъаи мўҳкам дар баробари фасоди ҷомеаи исломӣ аст, ҳифз намоянд. Бале, дастаҳои палиди истеъморгарони Ғарб ва пайравони онҳо даст ба кор шудааст, то бо равишҳои мухталиф, ҷомеаи исломиро ба фасод ва фаҳшо бикашанд. Яке аз ин равишҳо, бардоштани ҳиҷоб аст, ки душманон дар ин қарни ахир барои бардоштани ҳиҷоб аз ҳеч кушише дареғ нанамудааст.

    Formation : Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Исмоил Ал-Муқаддам

    Reveiwers : Муҳсин Рамазони

    Translators : Абдулқодир таршоби

    From issues : Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз

    Source : http://www.islamhouse.com/p/385912

    Download :Ҳиҷоб чаро?Ҳиҷоб чаро?

  • Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)Ин намунаҳои хешовандӣ гуёи муҳаббати ногусастанӣ ва хешовандии бисёр мустаҳкам миёни аҳли байт ва саҳобаи Паёмбар (с) аст. Ин китоб бо далелҳои равшан ва мустаҳкам мавзуи муҳаббати мавҷуд миёни онҳоро исбот мекунад ҳамон гуна ки Худованд дар васфи онҳо гуфтааст: "Нисбат ба якдигар меҳрубон ва дилсӯзанд".

    Formation : Али ибни Ҳамад ибни Муҳаммад Ат-Тамими

    From issues : Маркази баҳсҳои мабарраи Ол ва Асҳоб

    Source : http://www.islamhouse.com/p/344067

    Download :Дӯстӣ ва хешовандӣ миёни аҳли байт ва асҳоби Паёмбар (с) (Намунаҳои далолаткунанда бар робитаҳои самимӣ миёни аҳли байт ва саҳобагон)

  • ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми онМаросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.

    Formation : Абдушшариф Боқизода

    Source : http://www.islamhouse.com/p/252724

    Download :ҲАҷ Таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он

Choose language

Choose Sorah

Choose tafseer

Participate

Bookmark and Share